Се марг дар як рӯз: ВКД аз пайдо намудани ҷасадҳои нафарони ғарқшуда аз каналҳо хабар дод

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 14 сентябри соли равон ҳангоми оббозӣ кардан дар каналҳои обгузари кишвар се нафар, ки сину соли гуногун доштанд, ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 14-уми сентябри соли равон, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрванд Боймуллоева Моҳира Илёсовна, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, бо муроҷиат намудааст, ки фарзанди ноболиғаш Боймуллоев Абдулло Дилшодович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 4-уми МТМУ-1 шаҳраки Бӯстон, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак ғайб задааст.

Натиҷаи беназоратии волидайн: писарчаи шаш сола дар канали “Куктоши поён” ғарқ шуд

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки номбурда ҳангоми оббозӣ кардан дар канали “Мошини Янтоқ-1”, дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта шудааст, ки ҷасади ин писарбачаи ноболиғ дарёфт шудааст.

ВКД қайд кардааст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда нашудааст.

“Мувофиқи маълумотномаи пешакии эксперти судӣ-тиббӣ сабаби марги ноболиғи мазкур “асфексияи механикӣ дар натиҷаи бӯғиш дар об” мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ-азназаргузаронӣ либосҳои ноболиғ Боймуллоев А.Д. дар соҳили канали “Мошини Янтоқ-1” дарёфт гардиданд”, - таъкид доштааст ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон ВКД зикр кардааст, ки худи ҳамон рӯз, шаҳрванд Нодиров Суҳроб Темурович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузар, воқеъ дар кӯчаи М.Миршакари ҷамоати шаҳраки Москва ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.

Инчунин ҳодиса дар канали обгузари ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ низ рух додааст.

Шаҳрванд Каримов Аъзамбек Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари деҳаашон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.