Раҳмон ба ноҳияи Ашт расид: сафари кории раисҷумҳур ба вилояти Суғд давом дорад

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон истиқбол гирифтанд.

Раҳмон боварӣ дорад, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст

Дар аввал раисҷумҳур дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки иншоот мазкур сеошёна буда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби бародарон — соҳибкорон Махсудҷоновҳо сохта шудааст.

Таъкид шудааст, ки бинои қаблии мактаби рақами 36 солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад.

Манбаъ қайд кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ арзёбӣ кард.

“Бародарон Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил намоянд. Нақши бародарон дар дигар корҳои ободонии деҳоти Понғоз, аз ҷумла васеъ ва мумфарш кардани роҳи мошингард миёни шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз назаррас аст”, - зикр намудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид доштааст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.