ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, ин кумак дар асоси муроҷиати модари Алишер – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Адолат Комилова, намояндагони мақомоти иҷроияи Хатлон расониданд.
Ба иттилои манбаъ, Адолат Комилова қайд кард, ки солиёни дароз дар театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ансамбли вилоятии “Шашмақом” ба ҳайси роҳбар ва овозхон кору фаъолият намудааст.
“Фарзандам қабл аз беморӣ дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта ва тӯли 3 сол мешавад, ки маъюб асту азият мекашад. Аз шахсони саховатпеша, ёру дӯстон ва хешовандон, ки дар зиндагии мо кумакрасон ҳастанд, изҳори сипос менамоям”, - изҳор доштаст модар.