Ҳалокати писарча зери чархи мошини боркаш: падарбузург набераи дусолаи худро пахш кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 60 сола ҳангоми ба қафо ҳаракат кардани мошини боркашаш набераи хурдсоли худро пахш намуд. Дар натиҷа писарча дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тооҷикистон ин ҳодисаи нохуш санаи 13-уми сентябри соли равон, дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Пахши ду ноболиғ дар роҳ: якеш ба ҳалокат расид дигаре дар беморхона бистарӣ гардид

Тавре манбаъ қайд кардааст, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мазда-Тиман”, Қулматов Очилди Шерматович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, дар дохили хонаи истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан набераи хурдсолаш Қулматзода Юсуф Хайрулло, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.

“Дар натиҷа, хурдсол Қулматзода Юуф Хайрулло ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - қайд кардааст ВУД Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.