Афзоиши фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон: тасдиқи Вазорат

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудаанд, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи пешӣ зиёдтар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир инчунин як ҳолати фавт бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шуда, теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 73 нафар расид.

“Зану кӯдак надорам гуфт”: марди 56-сола ҳамзисти духтарашро барои дурӯғгӯӣ куштаст-видео

Расман ба иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 15 сентябр 9 ҳазору 129 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шуда, аз ин 7 ҳазору 896 нафар ё 86,4%-и беморон шифо ёфтанд.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 110 нафар гумонбарон қарор дошта, 43 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Ҳунарманди мардумӣ барои писараш аробаи маъюбӣ хосту раиси Хатлон тақдим кард-аксҳо

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.