Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то 36 дараҷа мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат то 31-36 дараҷа мерасад, хабар медиҳад, Агентии обуҳавошиносӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. 

Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 27 +32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12  ва  рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.