Музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳаи Қатар бо иштироки Амрико 

Sputnik

Раисҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомид  Карзай  бо шурӯи музокироти сулҳ дар Қатар бо интишори баёнияе ин гуфтугӯҳоро хабари  хушу мӯҷиби умедвории зиёд барои афғонҳо донист.

Ташдиди ҷанг миёни давлати Афғонистон ва Толибон

Вай изҳори умедворӣ кард, ки музокиракунандагон манфиатҳои асосии миллиро аз талабҳои маҳдуд ва гузаранда авлотар медонанд ва дар рӯҳияи гузашт ва таҳаммулпазирӣ амал хоҳанд кард.

Сафири собиқи гурӯҳи Толибон дар Покистон Абдусалом Заиф низ дар сафҳаи фейсбуки худ дар ин замина навишт: “оғози ин нишастро ба фоли нек мегирам, ки яхи адами оғози музокирот об шуду худои бузург  поёни онро босамар  гардонд.”

Раҳбари ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ  низ аз оғози раванди музокироти байни афғонӣ истиқбол кард ва гуфтугӯҳоро як фурсати тарихӣ ва такрорнопазир барои қатъи ҷангу таъмини суботи пойдор дар ин кишвар донист.

Аҳмад Саидӣ дипломати собиқ ва устоди донишгоҳ  ҳам ҳушдор дод, агар ин музокирот ноком шаваду ба бунбаст бирасад барои мардуми Афғонистон  натоиҷи манфии густардае ба дунбол хоҳад дошту тӯфони тероризм на танҳо дар Афғонистон, балки дар кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ шиддат хоҳад ёфт.

Музокироти сулҳи байни давлат ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистону Толибон санаи 12 сентябр дар Доҳаи пойтахти Қатар оғоз шуд.

1 / 14
Намояндагони Амрико, Қатар ва Афғонистон дар музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳа
2 / 14
Сиёсатмадори афғон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми музокироти сулҳ миёни ҳукумат ва гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Қатар
3 / 14
Намояндагони гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия), ки барои музокирот бо ҳукумати Афғонистон ба Қатар омаданд
4 / 14
Музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Доҳаи Қатар
5 / 14
Котиби давлатии Амрико Майк Помпео ҳангоми музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар
6 / 14
Музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар
7 / 14
Роҳбари ҷунбиши "Толибон" (мамнуъ дар Русия) ҳангоми музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон дар Қатар
8 / 14
Баъзе сиёсатмадорони баландпояи Афғонистон аз оғози музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳаи Қатар истиқбол карданд
9 / 14
Дипломати амрикоӣ Залмай Халилзод ҳангоми музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар
10 / 14
Сиёсатмадорони афғон изҳори умедворӣ карданд, ки ҷанги 40-сола дар ин кишвар хотима хоҳад ёфт
11 / 14
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сиёсатмадори афғон дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар
12 / 14
Раисҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай бо шурӯи музокироти сулҳ дар Қатар бо интишори баёнияе ин гуфтугӯҳоро хабари хушу мӯҷиби умедвории зиёд барои афғонҳо донист
13 / 14
Ҳайати ҷунбиши "Толибон" дар музокирот
14 / 14
Музокироти сулҳи байни давлат ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистону Толибон имрӯз шанбе дар Доҳаи пойтахти Қатар оғоз шуд