Китоби шоири тоҷик дар Эрон нашр шуд

Интишороти Хирадгон дар Теҳрон китоби Абдуҷаббори Суруш, шоири муосири тоҷикро мунташир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз, Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфтааст, ки ин дувумин китоби ашъори Абдуҷаббори Шоҳаҳмад- мутахаллис ба Суруш мебошад, ки дар Эрон мунташир мешавад.

Китоби нависандаи тоҷик Марямбону Фарғонӣ дар Эрон чоп шуд

Қаблан маҷуъаи ашъори ин шоири тоҷик бо унвони Дарахт, Сапеда ва Ойина дар Эрон мунташир шуда буд.

Дар Тоҷикистон низ китобҳои Фарёди силсилаи хомӯшӣ, Ҷазираи танҳоӣ, Шабнами нафас, Фарёди ёдҳо, Салиби сафед ва Бишунав аз най аз ин шоири тоҷик мунташир шудааст.

Абдуҷаббори Суруш ҳамчунин китоби тафсири фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандиро, ки шомили 17 ҳазор вожа мешавад мунташир кардааст.

Вай мегӯяд, ки барои таҳқиқи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва интишори ин китоб 20 сол заҳмат кашидааст.