Садҳо сол бештар аз 5500: Раҳмон гуфт, амрикоию фаронсавиҳо Саразмро чандсола медонанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронияш бахшида ба 5500-солагии Саразм, иттилоъ дод, ки бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро наздики 6 ҳазор сол пеш медонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таърихи беш аз 5500 - солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 - 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.

Мансаберо, ки бо 2,4 ҳазор сомонӣ маош ба озмун гузоштанд, Мирализода гирифт-акс

“Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ таъкид кард, ки санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.

Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад, афазуд Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва изҳори умед кард, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.