Котиботи президент: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ сурат мегирад

Дар сафарҳои раисиҷумҳур дида мешавад, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳикунандааш бо ниқоб қарор доранд ва суҳбатҳояш низ бо сокинон бо риояи масофа доир мегардад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik.  Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сафар мекунад

Аз фермаи парандапарварӣ то корхонаи ширу табобатгоҳ: Раҳмон дар Зафаробод чӣ кушод?

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин роҳбари давлат аз  дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро намоянд.

Ёдовар мешавем, пас аз эълони вуҷуди коронавирус дар кишвар сафари Эмомалӣ Раҳмон аввал дар худи пойтах, сурат гирифт ва нахуст беморхинаеро дар Душанбе кушод.

Баъдан раисиҷумҳур бо сафарҳои корияш ба Хатлону Бадахшону Турсунзода рафт.

Ва инак дар аҳди коронавирус Эмомалӣ Раҳмон дар шимоли кишвар қарор дорад ва иншооту корхонаҳои навбунёдро ифтитоҳ мекунад.

Дар сафарҳои раисиҷумҳур дида мешавад, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳикунандааш бо ниқоб қарор доранд ва суҳбатҳояш низ бо сокинон бо риояи масофа доир мегардад.

Аммо дар умум ба гуфти мақомот ва ниҳодҳои масъул риояи низоми беҳдоштӣ дар кишвар ба таври бояду шояд риоя мешавад.

Қаблан мақомоти  Хуҷанд аз риоян нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Гузориши масъулини Панҷакент ба Раҳмон оид ба COVID-19: овозаҳо дурӯғанд, се бемор дорем

Ахиран прокурори шаҳр низ шадидан нигаронӣ карда гуфт, ҳолатҳоеро низ сабт кардаанд ва дастур дод, ки дар ҳолати риоя нашудани низоми беҳдоштӣ дар марказҳои хизматрасонӣ ва ё тӯйхонаҳо бе огоҳӣ фаъолияташон қатъ карда шавад.