КМИР номзадҳо ба президентиро сабт кард: 5 нафаранд-ном ба ном

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода номзадҳо ба мақоми президентиро сабт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои КМИР, имрӯз дар ҷаласа таҳти раёсати Худоёрзода, масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Тоҷикистонро, ки 11 октябри соли 2020 дар назар аст, баррасӣ карданд.

Котиботи президент: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ сурат мегирад

Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадҳоро мувофиқи талаботи қонун баррасӣ карда, номзадҳои ба мансаби Президенти  Тоҷикистон, аз ҷумла Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбаришударо ба  қайд гирифтааст.

Инчунин Рустам Раҳматзода номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон сабт шудаанд, хабар дод “Ховар”.

Манбаъ таъкид кардааст, ки корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.