ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар бораи эъдоим Навид Афкорӣ расонаҳои давлатии Эрон рӯзи гузашта хабар доданд.
Эъдоми варзишгар дар яке аз зиндонҳои шаҳри Шероз сурат гирифтааст.
Афқарӣ барои ширкат дар намоишҳои хиёбонии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018 ба қатл маҳкум карда шуд.
Ин варзишгар инчунин ба ташкили гурӯҳҳои махсус барои сарнагун кардани режими кунунии кишвар айбдор шуда буд.
Хонаводаи ӯ изҳор доштанд, ки варзишгар таҳти шиканҷа ба ҷинояти содирнакардааш иқрор шудааст.
Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ гуфтааст, ки аз хабари қатли варзишгар дар ҳайрат афтодааст.
Ҳукумати Эрон новобаста аз вокунишҳо дар дохил ва хириҷи кишвар ва ҳамзамон ташкилотҳои байналхалқиву нафарони саршинос нигоҳ накарда, субҳи 12 сентябр варзишкорро эъдом кардаанд.
Қаблан роҳбари UFC Дана Уайт ва ҳатто президенти ИМА Доналд Трамп барои варзишгар ҳимоят карданд, аммо мақомоти Эрон ҳукмро иҷро карданд.