Аз фермаи парандапарварӣ то корхонаи ширу табобатгоҳ: Раҳмон дар Зафаробод чӣ кушод?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон, пас аз хатми сафар дар шаҳри Панҷакент вориди ноҳияи Зафаробод шуд.

Раҳмон бо фаъолони Панҷакент мулоқот кард

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур дар ноҳияи Зафаробод нахуст бинои дуошёнаи Маркази ташхисию табобатии “Диёр”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Гуфта мешавад, Марказ дорои таҷҳизоти замонавӣ буда барои қабули беморон пурра омадааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз Маркази ташхисию табобатӣ Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии “Шири Зафаробод” дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад, афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздидаш аз ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” ва фермаи парандапарварии “Ҷасур”-ро ифтитоҳ кардааст.

Гузориши масъулини Панҷакент ба Раҳмон оид ба COVID-19: овозаҳо дурӯғанд, се бемор дорем

Таъкид шудааст, ки дар фабрикаи парандапарварии парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда, он барои парвариш Хуҷанд дастрас мегардад, ки давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакент “Саразм плаза”-ву ҶСП “Мармари Саразм”-ро кушод

Иқтидори солонаи истеҳсоли гӯшт айни ҳол дар ин ферма 340 тоннаро дар бар мегирад ва бо фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона ин нишондод то ба 800 тонна расонида хоҳад шуд.