Абдуллоҳ гуфт, саҳифаи сулҳ мекушоем: гуфтушуниди Толибону Ҳукумат дар Қатар-акс

Sputnik

Ба маросими оғози гуфтушунидҳо ҳайати ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати ифротии Толибон (мамнӯъ дар Русия) ҳозир шуданд. Ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ҳудуди 20-нафариро дар бар мегирифтанд.

Место покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле
Тоҷикистон ҳамла ба Амрулло Солеҳ, ноиби президенти Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, изҳор дошт, ки мақомоти Афғонистон баъди 42 соли мухолифатҳо мехоҳанд, саҳифаи ҷангро пӯшанду саҳифаи сулҳро боз намоянд.

Ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати Афғонистон ва Толибон муштаракан масъулияти таъмини сулҳ дар кишварро ба дӯш доранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳадафи музокиротро созишномаи доимӣ барои сулҳ унвон кард. Ӯ илова намуд, ки дар ин ҷанг ҳамаи ҷонибҳо бой медиҳанд.

“Имрӯз чун рӯзи хатми ҷанг дар хотирҳо сабт мешавад”, - гуфт Абдуллоҳ. Ӯ қотеияти ҳукумати Афғонистон ва толибонро барои таъмини сулҳ дар кишвар таъкид намуд.

Ин гуфтушунидҳо дар пайи иҷрои шарт барои озод кардани маҳбусони тарафайн имконпазир шуданд.