Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирусро дар Тоҷикистон нашр кард

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 7782 ё худ 86,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 72 нафар фавтидаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен - Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 12 сентябр ба 9014 нафар расид.

Эрон хабар дод, ки ваксини зидди коронавирусаш озмоиш мешавад

Тавре Вазорати тандурустӣ менависад, то имрӯз дар мамлакат 7782 ё худ 86,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 72 нафар фавтидаанд.

Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир 109 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мақомоти Хуҷанд гуфт, тӯйхонаву тарабхона ва клубҳои шабона манбаи сирояти коронавирусанд

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.