ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз РВКД дар Суғд гуфтанд, ки Муродзода чанд рӯзи пеш дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз ҷон ба Ҷонофарин супоридааст.
“Саҳар ба мо хабар доданд, ки Муродзода бандагӣ кардаанд. Аз шунидани хабари даргузашти ҳамкорамон хеле дилгир шудем. Худо раҳмат кунад, Муродзода як кадри ҳирфаӣ ва дар кору вазифаи худ содиқ буданд”, таъкид намуд, манбаъ.
Дар бораи аз чи беморӣ сироят шудани подполковник, Муродзода масъулин дақиқан чизе шарҳ надоданд, аммо манобеъи дигар гуфтанд, ки ин масъули РВКД вилояти Суғд ҳангоми сафар ба шаҳри Душанбе ба бемории ҳамагири “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда ва дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе табобат мегирифт
Баъзе нафарони огоҳ низ аз дар бораи даргузашти Муродзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, изҳори тасаллият баён намудаанд.
Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Муродзода Мирзошо Иқбол 23 июли соли 1971 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Пас аз хатми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар сохтори мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Чанд соли охир ба кор дар сафи мақомоти милитсияи Суғд интиқол ёфта ва соли 2017 муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.
Даргузашти полковник Рашидов, мақомдори гумрук аз “илтиҳоби шуш”-акс
Қарор аст имрӯз ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш ноҳияи Муъминобод баргузор карда шавад.