Даргузашти Сафаралӣ Кенҷаев, набераи Сафаралӣ Кенҷаев дар синни 20 - солагӣ

Сафаралӣ Кенҷаев, набераи Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар синни 20 – солагӣ аз маризии сепсис ё уфунати умумии бадан бо микробҳои беморизо, ки вориди хун шудаанд, даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шералӣ Кенҷаев, падари Сафаралӣ Кенҷаев, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш як ҳафтаи ахир дар Маркази тиббии шаҳрии №3, воқеъ дар “Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд.

“Падарам бори дигар вафот кард. Ба умед номи падарамро гузошта будам. Бо дониши худ ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, дар курси чорум ва гуруҳи буҷавӣ мехонд, стипендия (идрор) мегирифт. Варзишкори хуб буд. ММА машқ мекард”, - гуфт Шералӣ Кенҷаев.

Сафаралӣ Кенҷаеви хурдӣ, писари дуюми Шералӣ Кенҷаев, аст, ки соли 2000 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олам кушодааст.

Даргузашти полковник Рашидов, мақомдори гумрук аз “илтиҳоби шуш”-акс

Шералӣ Кенҷеав номи падараш – Сафаралӣ Кенҷаевро ба ӯ гузошта буд.

Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунон аз поягузорон ва фармондеҳони Фронти Халқӣ ба ҳисоб мерафт, ки соли 1999 аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд.

Ӯ яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик буд, ки дар ниҳодҳои прокуратура фаъолият намуда, дар солҳои 1990, замони таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистон, ба “Катании тоҷик” шуҳрат ёфта буд.

Соли 2018 бо иттиҳоми куштори ӯ чанд узви гуруҳи Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки онҳо бо дастури кишварҳои хориҷӣ ва ба хотири ноамн кардани Тоҷикистон даст ба куштори ӯ задаанд.

Шералӣ Кенҷаев, писари бузурги Сафаралӣ Кенҷаев, буда, низ факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардааст ва ҳоло бо тиҷорат машғул аст.