Рӯзи 11 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардид.
Соли 1852 дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуд.
Соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торанто аввалин маротиба сабти садои инсон амалӣ карда шуд.
Соли 1971 Миср конститутсияашро қабул кард.
Рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2012 шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки барои иштирок ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом доданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ гардиданд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан кард.
Соли 2018 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон аз номи Пешвои миллат ба як қатор кормандони муваффақ мукофотҳои давлатӣ супорид.
Ҷашнҳои рӯзи 11 сентябр
- Дар Аргентина — Рӯзи муаллимон
Рӯзи 11 сентябр кӣ ба дунё омадааст
1804 — Александр Полежаев, шоири рус, тарҷумон.
1862 — О. Генри ( Уилям Сидни Портер), нависандаи амрикоӣ.
1877 — Феликс Дзержинский, револютсионери рус.
1882 — Борис Житков, нависандаи советӣ, муаллифи китобҳои баччагона.
1885 — Дэвид Герберт Лоуренс, нависандаи англис.
1894 — Александр Довженко,коргардони советӣ, нависанда, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС.
1935 — Герман Титов, ҳавонавард ва сарнишини ИҶШС, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
1937 — Иосиф Кобзон, сарояндаи эстрада ва корманди ҷамъиятӣ, Ҳунарманди халҷии ИҶШС.
1940 — Брайан Де Палма, коргардони амрикоӣ.
1965 — Башор Асад, ходими давлатӣ. Аз соли 2000 инҷониб президенти Сурия.
1966 — Лада Дэнс (насаби воқеъӣ Волкова), сарояндаи русиягӣ.
Рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
1911 — Сотим Улуғзода, нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизадори мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.
1932 — Сайфулло Ҷурабоев, коргардони кино, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.