Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Генерал-лейтенант Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия гуфт, масъалаи тамдиди сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳоли баррасӣ аст ва фикр мекунад, ки ин сабукиҳо баъди 15-уми сентябр низ тамдид мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Генерал Казакова гуфт, фикр мекунад, муҳлати он сабукиҳое, ки дар пасманзари марзбандиҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити пандемия то 15-уми сентябр ироа шудаанд, тамдид мегардад.

“Феълан масъалаи тамдиди ин муҳлат мавриди баррасӣ қарор дорад. Яъне баъди 15-уми сентябр, фикр мекунем, ин боз дароз хоҳад шуд. Ин барои шаҳрвандони хориҷӣ хеле муҳим буд”, - изҳор дошт сардори сарраёсати муҳоҷирати ВУД Русия.

Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Русия гуфт, эҳтимол сабукиҳо тамдид шаванд - садо

Ӯ хотиррасон кард, ки гузаштани муҳлати санаду иҷозатномаҳо, аз ҷумла раводидҳо, патентҳо, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, иҷозатномаи кор ва бархе санадҳои дигар то 15 сентябр мутаваққиф шудааст.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Суҳбати сардори Сарраёсати муҳоҷират аз тамдиди амали ҳуҷҷатҳо дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо имзои як фармон,  сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи пандемияро то 15-уми сентябр муқаррар карда буд.

Қонуни нав: хориҷиёни соҳибхона дар Русия метавонанд муҳоҷиронро сабти ном кунанд

Тибқи ин фармон, агар муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия то 15 сентябр анҷом ёбад, он муҷозот дар пай надошта, тариқи автоматӣ тамдидшуда ба ҳисоб меравад.

Дар феҳрасти санадҳое, ки муҳлати амалашон то 15 сентябр тамдидшуда ҳисоб меёбад,  иҷозатномаи иқомати муваққатӣ – РВП, санади иқомат–ВНЖ, раводид, қайд дар ҷои истиқомат, сабт дар мақомоти муҳоҷират, шаҳодатномаи паноҳандагӣ ва санади кӯч ба Русия ном бурда шудаанд.

Генерал Казакова инчунин зикр намуд, ки дар шароити пандемия иҷозат дода шуд, афроде, ки бо ҳадафҳои дигар вориди Русия шуданд, метавонанд мақсади сафарро тағйир диҳанд, ба мақомоти муҳоҷират оянд, иҷозатномаҳо гиранду ба кор машғул шаванд. Ӯ аз шаҳрвандони хориҷӣ даъват намуд, ки ҳанӯз вақт доранд ва метавонанд ба мақомот ҳозир шуда, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ намоянд.