Аз фаҳмондан то ҷалби милисаҳо: қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват ба хизмат

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои иҷрои фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ, қарор имзо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Раиси Душанбе масъулинро муваззаф кардааст, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

Комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд, омадааст дар қарор.

Раисони навоҳии Душанбе дастур гирифтаанд, ки ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ шумораи зарурии кормандони техникиро сафарбар намоянд;

“Ба таври тантанавӣ гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба роҳ монанд. Ҳар ҳафта аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд”, - зикр шудааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Раёсати умури дохилӣ дар Душанбе вазифадор шудааст, ки ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо барои таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои  даъватӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

“Миёни нафарони синни даъватӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд. Тарртиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин намуда, бо ин мақсад шумораи зарурии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд”, -афзуд манбаъ.

Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе дастур гирифт, ки ҳар ҳафта аз раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва то 5 декабри соли 2020 ба мақомоти иҷроияи Душанбе гузориш пешниҳод намояд.