Фармони Президент: дар Тоҷикистон як генерал зиёд шуд - кист?

Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз, 10 сентябр дар Тоҷикистон як генерали дигар бештар шуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Имрӯз, 10 сентябр бо як фармони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сафаи генералҳо ба як нафар бештар гардид.

Тавре дафтари матбуоти президент гузориш медиҳад, мувофиқи фармони раисҷумҳур таҳти рақами 1607 ба Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Рауфзода Суҳроб Орзу рутбаи генерал-майор дода мешавад.

"Ба полковник Рауфзода Суҳроб Орзу – Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии "генерал-майор" дода шавад", - навишта шудааст дар фармон ва дар зераш имзои раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта шудааст.
Барканории Борону мансаби нави Партов: Раҳмон дар ВКД тағйироти кадрӣ кард

Рауфзода Суҳроб Орзу

Рауфзода Суҳроб Орзу – полковник, таваллудаш 11 декабри соли 1973, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1996. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, муовини сардори Ситод оид ба ротаи разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД.

Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

Раупов Суҳроб Орзуевич аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.