Рӯзи 9 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1886 дар пойтахти Швейтсария- шаҳри Берн Конвенсия дар бораи ҳифзи маҳсули адабиёт ва санъати бадеӣ ба имзо расидааст, ки аввалин созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф мебошад.
Соли 1926 шабакаи телевизионии Америка — Эн-Би-Си таъсис дода шуд.
Соли 1961 дар Киев аввалин ҳунарнамоии Балети давлатии Украина дар рӯйи ях баргузор гардид.
Соли 1969 дар Канада қонуни забон қабул гардид, ки тибқи он забонҳои англисӣ ва франсузӣ дар тамоми ҳудуди кишвар забони расмӣ эълон карда шуд.
Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия ва Қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода дод.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии 3000 –нафара баргузор гардид, ки дар он ҷавонон Парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.
Соли 2014 муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуданд.
Соли 2016 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид. Дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷашнҳои рӯзи 9 сентябр
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.
- Рӯзи байналмилалии зебоӣ.
- Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи 9 сентябр кӣ ба дунё омадааст
214 — императори Миср Аврелиан.
1585 — ходими давлатии фаронсавӣ Арман Жан дю Плесси.
1790 — ширкаткунандаи Ҷанги соли 1812 Сергей Петрович Трубетской.
1828 — философ ва нависандаи рус, Лев Николаевич Толстой.
Рӯзи 9 сентябр кӣ вафот кард
1976 — Мао Тсзэдун (соли таваллуд 1893), ходими давлатии Чин.
2001 — Аҳмадшоҳ Масъуд (соли таваллуд 1953), яке аз раҳбарони мухолифини Афғонистон.