Боздошти ҷавондухтар барои захмӣ кардани ҷавони 21 сола дар Душанбе: ба пояш корд задааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзан хабар медиҳад, ки дар захмӣ кардани ҷавоне муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар бораи захмӣ шуданаш аз сӯи як ҷавонзан муроҷиат намудааст.

Боздошти марди 56-сола бо иттиҳоми қатли ҳамзисти духтараш

Ба иттилои манбаъ, санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштанаш ҷавонзани 23-солаи зодаи шаҳри Норак, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст.
Манбаъ мегӯяд. дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳамсарро кушту хушдоманро захмӣ кард: додгоҳи Хатлон ҳукми Рамазони 27 соларо содир намуд ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.