Қиссаи ғамангези корхонаи оксиген: боз як сафҳаи сиёҳи таърихи Афғонистон

Корхонаи оксиген, ки метавонист тайи 40 сол ҷони ҳазорон нафарро наҷот диҳад, дар замони ҷангҳои дохилии Афғонистон хароб шуд. Он дар асл моли Ҳиндустон будааст, на Русия
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Маркази матбуоти вазорати сиҳати оммаи Афғонистон дар як посухи катбӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки 23 июли соли 1991 теъдоди 8 контейнер таҷҳизот ва сомонолот барои эҷоди корхонаи тавлиди оксиген аз тариқи ширкати ҳиндии Далал Маккена (Dalal Mckena) вориди Кобул гардид ва се рӯз пас аз он ширкат тақозо шуд, ки барои монтаж ва насби таҷҳизоти марбута инжинери хешро ба Афғонистон эъзом бидорад ва Созмони ҷаҳонии сиҳат (WHO) низ барои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ кард.

“Дар асл тарҳи сохтмони корхонаи тавлиди оксиген соли 1985 дар замони режими коммунистии Кобул оғоз ёфта буд. Он замон шахсе ба номи Ғанӣ Хон, мушовири фаннии Дафтари форматсевтии вазорати сиҳати омма дар 12 сафҳа ин тарҳро ба забони инглисӣ кашида, аз ҳукумати Афғонистон хоста буд, ки бо кишварҳои хориҷ онро ба миён гузорад. Моҳи апрели соли 1991 як ширкати сохтмоние ба номи “Хуршед” кори эъмори бинои корхонаи оксигенро оғоз намуд. Моҳи июл таҷҳизоти корхона ҳам аз Ҳинд ворид шуданд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати сиҳати оммаи Афғонистон.
10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Бино ба ин санад, 29 сентябри 1991 як инжинери ҳиндие ба номи Б. Гапатан барои як ҳафта вориди Кобул гардида, аз кори сохтмони таъмири пружаи оксиген дидор намуд ва гузориши 12 – сафҳаиеро дар бораи кори сохтмони корхонаи оксиген ба Раёсати сохтмонҳои вазорати сиҳати оммаи Афғонистон ироа намуда, рафт.

Қурбонии гунг

Ин корхона дигар фаъол нашуд, балки ба як сарнавишти талхе дучор омад. Пас аз суқути режими коммунистии Доктор Наҷибулло дар Кобул ва ба қудрат расидани ҳукумати муҷоҳидин Афғонистон вориди як марҳилаи тӯлонии ҷангҳои дохилӣ шуд, ки бешак, яке аз талафоти бузурги он маҳз ҳамин корхонаи тавлиди оксиген буд. Корхонае, ки дар он ҷангу қатлу кушторҳои 40 соли ахир дар Афғонистон метавонист ҷони ҳазорҳо нафарро наҷот диҳад.

24 апрели соли 1993 вазорати сиҳати оммаи Афғонистон дар номае ба Созмони ҷаҳонии сиҳат (WHO) хабар додааст, ки дар пайи бархӯрди рокет ба контейнерҳои марбут ба таҷҳизоти пружаи корхонаи оксиген дар фабрикаи тавлиди фарматсевтӣ, воқеъ дар Қарға, маҳалле дар 5 - километрии канори шаҳри Кобул, қисме аз таҷҳизот корношоям ва як теъдод ҳам аз сӯи дуздон чӯру чаповул шуданд.

Рӯзноманигор Раззоқи Момун, шоҳиди ҳаводиси он рӯзҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳама дар даврони ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул иттифоқ афтод.

“Дар Қарға асли қудрат дар дасти Мулло Иззат, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ ва неруҳои Сайёф буд. Вақте ҷанг байни ҳазораи шиа ва Сайёф шурӯъ шуд, Мулло Иззат дар ҳимоят аз Сайёф дар саркӯби ҳазора иқдом кард. Ҳар вайроние, ки шуд, байни ҳамин се ҷиноҳ буд. Корхонаи оксиген қурбонии гунги ин ҷангҳо буд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

Талоши беҳуда

Бозгашт ба ин тарҳ танҳо дар соли 2007 муяссар шуд. 12 майи ҳамон сол ҳукумати Афғонистон як ҳайатеро барои омӯхтани вазъи асбобу олоти корхонаи тавлиди оксиген таъйин кард. 18 ноябр Афғонистон аз Ҳиндустон хост, ҳамон инжинери ширкати Unichem-ро, ки 14 соли қабл кори насбу монтажи таҷҳизоти оксигенро ниматамом гузошта, Афғонистонро тарк карда буд, фиристад. Вазорати сиҳати омма аз вазорати молия хостори тахсиси буҷа барои ин тарҳ шуд.

Ҳамзамон вазорати сиҳати омма ба раёсатҳои худ дар вилоятҳо, вазоратҳои дифову корҳои дохила ва Хадамоти амнияти миллии Афғонистон мактуб фиристода, аз онҳо хост, ки эҳтиёҷоти худро ба оксигени табиӣ гузориш диҳанд. Ин ниёзсанҷӣ баҳори соли 2008 анҷом шуд. Бино ба он, масрафи солонаи оксигени тиббӣ дар Афғонистон 4 миллиону 546 ҳазору 013 кг ҳисоб шудааст.

Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Аммо ин ҳама талошҳо низ ба ҷое нарасиданд. Раёсати тасаддии форматсевтии вазорати сиҳати оммаи Афғонистон 20 апрели 2008 зимни як нома дигарбора хостори мусоидати сафорати Ҳинд дар Кобул ҷиҳати эъзоми инжинери ширкати Unichem шудааст. Аммо маълумоти дигар аз он рӯзҳо дар ин бора нест ва ин ба он маънист, ки инженер ҳам наомадаву корхона низ ба кор шуруъ накард ва тарҳ боз ба таъхир афтод...

Ганҷи барбодрафта

Замоне, ки дар Афғонистон вируси корона шуюъ кард ва тавлиди оксигени тиббӣ як амри ҳаётӣ ва омулманфаа барои низоми сиҳат шуд, ҳукумати он кишвар боз ба такопӯ афтод. Дар ин росто Дафтари тасаддии форматсевтии вазорати сиҳати омма дар ҳамдастӣ бо Идораи инкишофи миллии назди раисҷумҳури Афғонистон, ниҳоди нозири кӯмакҳои байнулмилалӣ ва харҷи буҷа, як ҳайати мутахассисонро боз ба суроғи он корхонаи тавлиди оксиген фиристод.

Маъсума Анварӣ, аз вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тими техникӣ таҷҳизоти корхонаро дигарбора шиносоӣ ва ташреҳ намуда, гузориши кории хешро тартиб ва ирсол намуд.

“Бино ба он, дастгоҳи аслии тавлидкунандаи оксиген, ки дар як контейнер қарор дорад, комилан тахриб гардида, танҳо искелети он боқӣ мондааст ва аз диди техникӣ таҷҳизоти феълӣ номукаммал буда ва тақрибан 30 – 50 фисади таҷҳизот барои фаъол шудани дастгоҳ мавҷуд намебошад. Ҳеҷ гуна асноди техникӣ, мушаххасан мошинолот ва нақшаҳои таъмирот ва диаграми насб мавҷуд нест ва зарфияти тавлиди ин дастгоҳ ва технологияи кори он мушаххас намебошад”, - гуфт Маъсума Анварӣ.
СММ гуфт чаро дар Афғонистон тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёфт

Аммо дар барномаи мубориза бо густариши “вируси корона” вазорати сиҳати оммаи Афғонистон бо фармони раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ муваззаф шудааст, то тавлиди оксигени тиббиро дар авлавияти барномаҳои хеш қарор дода, ҳамкории байнулмилалӣ ва тарҳи ҳамаҷонибаро тартиб диҳад.

Дар ҷаҳон оксиген дар корхонаи махсус ва дастгоҳи нисбатан хурд тавлид мешавад. Бино ба нархҳое, ки ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ муқаррар шудаанд, як корхонаи тавлиди оксиген аз 100 ҳазор то 1 миллион доллар ва як дастгоҳи тавлиди оксиген аз 100 то 200 доллар арзиш доранд.

Тибқи иттилои вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, ин кишвар ҳоло дар садади харидории 10 корхонаи тавлиди оксиген ба арзиши 5 миллион доллар мебошад. Бино ба ин манбаъ, ин кишвар 506 поя дастгоҳи тавлиди оксиген ё оксиген-консентраторро аз Чин харидорӣ карда, мехоҳад боз 500 пояи дигар харад.

Ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба таваллудхонаи Афғонистон: 14 кушта ва 15 - и дигар захм бардоштанд

Аммо ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ҳеҷ як аз ин дастгоҳҳо на ба нарх ва на ба сифату зарфият бо он корхонаи барбодрафтаи қадимӣ баробар шуда наметавонанд ва эъмори корхонаҳои нав низ ба амнияту суботи оянда бастагӣ доранд. Хуллас, ҳамоно маълум нест, ки дар Афғонистон як чунин корхона ба вуҷуд хоҳад омад ё хайр.