ДУШАНБЕ, 8 сентябр — Sputnik. Нахустин гурӯҳи ваксини алайҳи коронавируси Русия "Спутник V" ба гардиш бароварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
Интизор меравад, он ба наздикӣ дастраси минтақаҳои гуногуни Русия шавад.
Манбаъ таъкид мекунад, ки ваксин тамоми озмоишҳои лаборатории лозимаро гузаштааст.
Ёдрас мешавем, моҳи август Русия нахустин ваксини зидди коронавирусро сабтином кард.
"Спутник V"-ро вазорат якҷо бо Маркази тадқиқотии ба номи Гамалеи ва Бунёди сармоягузории Русия таҳия кардааст.
Он дар рафти озмоиш дар бадани сад дар сади ширкаткунандагони санҷиш масуният ҳосил кард ва дар ягон меъёр падидаи номатлуби ҷиддиеро ба миён наовард.
Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод
Дар ҳамин ҳол, “антитела” дар бадани нафароне, ки довталабона дар озмоиши ваксин иштирок карданд, нисбат ба бадани нафароне, ки ин бемориро аз сар гузарониданд, то 1,4-1,5 баробар бештар ба қайд гирифта шуд.