ВМКБ - ро заминларзаи 4-балла такон дод

Бомдоди имрӯз дар шарқи Тоҷикистон - дар наздикии ноҳияи Уйғури Чин заминҷунбии 4,4 баллӣ ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии зилзиласанҷӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Чин заминҷунбӣ ба қайд гирифт, хабар медиҳад Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Ҳамин тавр, бино ба додаҳои манбаъ, заминҷунбӣ 33 километр дуртар аз ноҳияи Мурғоб ва 255 километр дуртар аз Кошғари Чин ба вуқӯъ пайвастааст.

Заминларза соати 5:17 дақиқа бо вақти Тоҷикистон бо қувваи 4,4 балл рух додааст.

Кумаки Ҳукумат: 25 ҳазор сомонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба 26 хонаводаи осебдидаи Тоҷикобод

Манбаъ афзуда, ки маркази заминларза дар чуқурии 151 километр ҷойгир будааст.

Наздикии Хоруғ: сабти заминҷунбии 5 - балла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ёдрас мешавем, ки пештар, рӯзи 2 сентябр Истгоҳи байналмилалии зилзиласанҷӣ дар наздикии Исфара, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминҷунбии 4,2 балла ба қайд гирифта буд.

Он замон маркази заминҷунбӣ дар умқи 10 километр ва 65 километр дуртар аз шаҳри Қуқанди Ӯзбекистону 17 километр дуртар аз шаҳри Исфара - шимоли Тоҷикистон ҷойгир шуда буд.