Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Роҳбари Беларус Александр Лукашенко, шашумин пирӯзиашро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тавзеҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Росия-1” қоил шудааст, ки як каме дар курсии президентӣ зиёдтар нишастааст.

“Бале, шояд ман каме зиёдтар дар ин курси монадам. Шояд манро на танҳо дар телевизионҳо, балки дар дарзмолу чойнак ҳам нишон медиҳанд” , - гуфт Лукашенко.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Беларус таъкид кард, ки ҳоло танҳо ӯ метавонад давлатро ҳимоят кунад.

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон вориди Душанбе шуд, то тартибот ҷорӣ кунад

“Ҳамту намеравам. Ман тӯли биступанҷ сол ба бунёдкории Беларус машғул будам. Ҳаминтур ҳамаро намегузораму равам”, - қайд кард Лукашенко дар суҳбат бо рӯзноманигори рус Роман Бабаян.

Вай инчунин илова кард, ки агар ӯ ҳозир аз сари қудрат равад тарафдоронашро “бо корд пора пора мекуннд”.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Беларус санаи 9 августи соли равон баргузор шуд. Тибқи иттилои Маркази комиссияи интихоботӣ ин кишвар, Лукашенко дар шашумин интихоботи президентӣ пирӯз шуда, беш аз 92 дарсади райи мардумро ба даст овардааст.

Мухолифин натиҷаҳои интихоботро напазируфтанд ва иддао доранд, ки дар ин интихобот Светлана Тихоновская пирӯз шудааст. Пас аз интихобот дар шаҳрҳои бузурги Беларус эътирозҳои мардум оғоз шудааст, ки то имрӯз идома доранд.

Дар рӯзҳои аввали эътирозҳои мардумӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар бо эътрозгарон мухолифати шадидеро нишон дод. Пулиси ин кишвар бар зидди эътирозгарон аз гази ашковар, обпошак, норанҷаки гиҷкунанда ва гулулаҳои ластикӣ  истифода карданд. Сипас мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Беларус аз пароканда кардами эътирозгарон ва истифода аз нерӯ даст кашиданд.