Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Фазлиддин Шарипов табиби бемориҳои чашм ва собиқ сартабиби Бемористони клиникавии Суғд, субҳи имрӯз дар синни 61 солагӣ аз олам даргузашт
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ин табиби ҳозиқ чанд рӯзи охир ба иллати бемории “илтиҳоби шуш” аз кор фориғ дар хона табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз 8 уми сентябр ҷон ба Ҷонофарин супурдааст.

 

Аз Фазлиддин Шарипов дӯстону ҳамкасбонаш ба унвони табиби ҳозиқ ва бо фазлу некбин ёд намуда, даргузашти ӯро талафоти бузург дар соҳаи тандурустии кишвар арзёбӣ мекунанд.

“Афсусу ҳайҳот , ки чунин инсони нек дар авҷи камолоти хеш дунёро падруд гуфт! Хазорон одамон аз дастони шифобахши Фазлиддинако шифои комил ёфта, ҳазорҳои дигар ин касро чун инсони дилбару инсондӯст мешиносанд. Имрӯз, 8 сентябри соли 2020 барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон талафоти бузург аст. Чунин табибон ангуштшумор ҳастанд. Алвидоъ, устоди азиз, алвидоъ!”, чунин изҳори тасаллият намудааст Аъзам Акбаров аз дӯстони марҳум Шарипов дар шабакаи Фейсбук.

Даргузашти Назокат Ёрматова, собиқ муовини раиси шаҳри Хуҷанд

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Шарипов Фазлиддин Зайниддинович соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, фаъолияти корияшро ба сифати духтури муолиҷакор дар шубаи бемориҳои чашми Бемористони клиникавии Суғд шурӯъ намудааст.

Дар зарфи 38 соли фаъолияти кориаш Шарипов дар рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла роҳандозии усулҳои нави табобати чашм дар вилояти Суғд саҳми арзанда гузоштааст. Соли 1997 ба маҳзи ташаббуси ӯ, дар вилояти Суғд аввалин Бемористони ҷарроҳии чашм бунёд карда шудааст. Соли 2009 Фазлиддин Шарипов сардухтури Бемористони клиникавии Суғд таъин шудааст.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Чанд соли пеш дар шаҳри Хуҷанд аз сӯи Фазлиддин Шарипов нахустин Маркази ҷарроҳии лазерии чашм роҳандозӣ шудааст, ки саҳми он дар шифоёбии даҳҳо нафар маризони чашм муассир гуфта мешавад.