Дар Душанбе нозири андози порахӯр дастгир шуд

Нисбати нозири андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Азиззода Рустам Азиз бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Агентии мубориза бо коррупсия хабар додааст, ки Азиззода санаи 12 июн аз соҳибкор "А” барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва минбаъд мусоидат намудан дар қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, 5000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, 1250 сомониашро пешакӣ гирифт ва овардани боқимондаи маблағро талаб намуд.

Ду порахӯр дастгир шуд: боздошти ду корманди милиса барои гирифтан 10 ҳазор доллар

Тибқи иттилои манбаъ санаи 17 июн Рустам Азиззода баъди азшаҳрванд "А”гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дастгир гардид.

“Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, - қайд кардааст Агентии мубориза бо коррупсия.

Гуфта шудааст, ки нисбати нозири андози ноҳияи Шоҳмансури бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Кумитаи андоз яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳар сол чандин корманди андоз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд.