Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ дорад: оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард. Дар ин сафар Президенти кишварро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳадафи ин сафари раисҷумҳури кишвар ин шиносоӣ бо ҷараёни  иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президент оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи кишвар мебошад.

Раҳмон аз низомиён хост содиқона Ватан, давлат ва мардуми кишварро ҳимоят намоянд

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.

Инчунин қайд карда шудааст, ки дар ин сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Тоҷикистон ва роҳбарони баъзе вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ менамоянд.

Гуфта шудааст, ки нахуст Президенти кишвар дар Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Қарори Раҳмон барои таъсиси шабакаи нави телевизион ва дарс тариқи TV

Манбаъ қайд кардааст, ки имрӯзҳо дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст. Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар иттилоъ дода шуд, ки имсол майдони умумии ин навъи зироати техникӣ дар шаҳри Турсунзода ба 1177 гектар баробар гардидааст ва ҳосили миёнаи интизориро мутахассисони соҳа 22 сентнер муайян намудаанд. Аз рӯи ҷамъоварӣ ва муайян гардидани ҳосили интизорӣ имсол хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода бояд 2590 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли тухмии хушсифат ва саҳми арзанда гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолӣ шостаи таҳсин ҳисобида, таъкид дошт, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се-чор ҳосил дар як сол боиси амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад.