Фавт сабт нашуд: вазорат омори охири COVID-19 дар Тоҷикистонро нашр кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 32 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нагардид.

Хавфи сироятёбӣ ба КОВИД-19 ҳаст: Амрико аз шаҳрвандонаш хост ба Тоҷикистон сафар накунанд

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус аз 30 апрел то санаи 7 сентябр 8 ҳазору 824 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7616 нафар, ё худ 86,3%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ 70 нафар арзёбӣ шуд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.