Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 6 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8792 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Теъдоди гирифторони коронавирус да Ӯзбекистон аз 43 ҳазор гузашт
Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7581 ё худ 86,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 70 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Баррасии таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Амонатбонк

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.