Сатторов: аз Маскав хотираҳои зиёд дорам

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, чизи зиёде ӯро бо пойтахти Русия пайванд мекунад. Вай таъкид менамояд, ки дар зебогии ин шаҳри бузург ҳар миллате ки дар он ба сар мебаранд, саҳм гузоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik, Лев Рыжков. Таҷлили Иди пойтахт дар Русия бо делели маҳдудиятҳои пандемӣ имсол ғайримаъмулӣ ором гузашт. Яке аз истисноҳои ками маросими "Маскав шаҳри миллатҳои гуногун" гашт, ки дар ҳавои кушод доир шуд.

Сатторов: аз Маскав хотираҳои зиёд дорам

Саҳнаи ҷашн майдончае гашт, ки мизу курсиҳо гузошта шуда, бо косаву табақҳои миллии кишварҳои Осиёи Миёна оро дода шуда буд. Камтар дар канортар дар деги калоне оши палав пухтанд, ки ба ҳамаи меҳмонон тақсим менамуданд. Сокинони Маскав бо кӯдаконашон низ ба тамошои ҷашн омаданд. 

Дар ҳошияи таҷлили Иди пойтахт фестивали "Маскав шаҳри миллатҳои гуногун: рӯзи фарҳангии миллатҳои Осиёи Марказӣ" баргузор гардид.

Ҷашнвораро Маркази фарҳангии тоҷикон, Ҷамъияти фарҳангии туркманҳо, ташкилоти ҷамъиятии қирғизҳо, Конгресси умумируссиягии ӯзбекҳо ва ӯзбекистониҳо ташкил карданд.

Дар ҷашнвора артистҳо базмро гармтар карданд ва намоиши аксӣ баргузор гардид.

Ба ҷашн намояндагони расмӣ низ ташриф оварданд. Аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов суханронӣ намуд.

Ӯ гуфт, ки Маскав барояш шаҳри бегона нест. Бо шаҳр хотираҳои зиёд дорад.

"Бо ин шаҳр шахсан маро чизҳои бисёре пайванд мекунад, - гуфт дипломат. - Сӣ сол пеш ба ман муяссар шуд, ки роҳбари ҷамъияти фарҳангии тоҷикон бошам. Феълан бо хушнудӣ ба анаъанаи "Маскав шаҳри миллатҳои гуногун": ҷашнеро, ки тамоми сокинони пойтахтро муттаҳид мекунад, саҳм мегузорам. Ҳоло Маскав яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон аст. Дар он тамоми мардуме ки дар пойтахти Русия зидангӣ мекунд, саҳм гузоштанд".
Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Бино бар иттилои расмӣ, дар Маскав намояндагони 163 миллат ба сар мебаранд. Ва агар имрӯз ҳамаи онҳо ба ҷашн меомаданд, ҷой намемонад.
"Ин ҷашнро бо бояд дар майдонҳои калонтарин ва зеботарин Маскав таҷлил кунем, - таъкид кард сафири Тоҷикистон. - Ман фикр мекунам, даҳҳо, садҳо ҳазор нафар, ки Маскав барояшон ватани дувум шудааст, мехостанд дар ин ид иштирок кунанд".

Пас аз суханронӣ, консерт оғоз шуд, ки дар он ҳунармандони миллатҳои гуногун баромад карданд.

Шоми фарҳангии тоҷикон дар Париж бо ташаббуси Ҷамолиддин Убайдулло