Расонаҳо: Туркия танкҳояшон дар марз бо Ҳабашистон ҷой медиҳад

Хабар дода мешавад, ки ду дастаи низомии Туркия савори ҳудудан 40 танк ноҳияи назди марзии Сурияро тарк карда, ба ҷониби ҳаммарз бо Ҳабашистон интиқол ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар пайи бӯҳрони шарқи Баҳри миёназамин Туркия танкҳояшро ба музофоти Эдирне дар марз бо Ҳабашистон ҷой медиҳад. Дар ин бора РИА Новости дар истинд ба расонаҳои кишвар гузориш додааст.

Таъкид мегардад, ки ду дастаи низомии туркӣ савори ҳудудан 40 танк ноҳияи Рейханлии музофоти Ҳатайро, дар марз бо Сурия тарк кардаанд.

Туркия беш аз як миллион шаҳрвандони Сурияро аз дастрасӣ ба об маҳрум кард

Эҳтимол меравад, ки танкҳо ба музофоти Эдирне раҳсипоранд, ки бо Ҳабашистон ҳаммарз аст ва минтақаҳоро роҳи оҳан бо ҳам мепайвандад.

Дар ҳамин ҳол, агентии давлатии Туркия Anadolu менависад, ки як қатор расонаҳои Туркия саҳван дар бораи раҳсипор шудани танкҳо ба марзи Ҳабашистон хабар доданд.

Бино бар иттилои ин расона, он танкҳо дар ҳошияи ҷойгиршавии қӯшунҳои Артиш раҳсипор мегардиданд. 

Агентӣ хабар медиҳад, ки роҳбарияти кишвар техникаи ҳарбиашро дар марз бо Ҳабашистон ҷой доданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, овозаҳо дар бораи ҷой додани танкҳо дар марз бо Ҳабашистон ҷой доранд. Ҳафтаҳои ахир вазъ дар марзи Ҳабашистону Туркия муташанниҷ гардидааст. Инро ба он рабт медиҳанд, ки киштии Туркия Oruç Reis дар ноҳияи шарқии Баҳри миёназамин ба тадқиқоти сейсмологӣ шурӯъ кард. Ин минтақаро Ҳабашистон минтақаи  иқтисодии истисноии худ медонад.

Ба хотири сиёсат, на барои мардум: захираҳои гази Туркия чӣ медиҳанд?

Дар ин робита, Қувваҳои мусаллаҳи Ҳабашистон эълон карданд, ки  дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд.