Омодагии "Толибон" ба музокирот бо Ҳукумат: ҳайъаташонро ташкил доданд

Пештар намояндаи ҳаракати толибҳо дар Қатар Суҳайл Шоҳин изҳор дошт, ки узви роҳбарияти ҳаракати "Толибон" Абдул Ғанӣ Бародар ва намояндагони ҳайъати толибҳо ба пойтахти Қатар Доха рафтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳаракати радикалии "Толибон" барои музокира бо намояндагони ҳукумати Афғонистон ҳайъаташро ташкил дод, ки бар он 21 нафар шомил шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии "Толибон" Забиуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст.

Идомаи буҳрони сиёсӣ: вокунишҳои густарда ба эъломи феҳристи Шӯрои мусолиҳаи Афғонистон

Пештар намояндаи ҳаракат дар Қатар Суҳайл Шоҳин ба телевизиони 1TV News изҳор дошт, ки узви роҳбарияти ҳаракати "Толибон" Абдул Ғанӣ бародар ва намояндаи ҳайъати толибҳо ба пойтахти Қатар Доха расиданд. Интизор меравад, ки онҳо ба музокираҳои байни ҳукумат ва ҳаракат омодагӣ мебинанд.

Баъдан Муҷоҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ба гурӯҳи тозаи музокираҳо бо мақомот аз ҷониби ҳаракати толибҳо 21 нафар шомил шуданд. Шайх Мавлавӣ Абдул Ҳаким роҳбари ҳайъат таъин карда шудааст, Шер Муҳаммад Аббос Станекзой - муовини вай.

Муҳаммад Наим Вардак вазифаи намояндаи ҳаракатро дар Қатар гирифтааст.

 Намояндаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷавод Файсал рӯзи панҷшанбеи гузашта озод шудани маҳбусони толибонро, ба ғайр аз он нафароне, ки зидди озод шудаи онҳо кишварҳои хориҷ расман мухолифат нишон додан, тасдиқ кард. Мақомот интизори музокироти ҳарчи зудтари байниҳукуматӣ ҳастанд.

Расонаҳо: мушовири Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон кушта шуд
Мақомоти Фаронса ва Австралия расман зидди озод шудани узви гурӯҳи Толибон шуданд, ки дар ҳамлаҳои марговар муттаҳам мешаванд. Эҳтимол меравад, ки 7 узви гурӯҳи радикалӣ дар куштори низомиёни фаронсавӣ ва австралӣ гумонбаранд.

Пештар узви маҷлиси умумимиллии намояндагони мардумии Афғонистон қарор қабул карданд, ки 400 узви гурӯҳро, ки шарти толибҳо барои оғози музокирот буд, озод кунанд. 

Сипас мақомот хабар доданд, ба оғози музокираҳо бояд дигар монеае набошад.

Охири моҳи май дар нишасте дар Қатар Амрико ва толибҳо бори нахуст дар 18 соли ҷанг созишномаи сулҳ имзо карданд. Мувофиқи он қӯшунҳои хориҷӣ то 14 моҳи оғози музокироти байниҳукуматӣ пас аз созиши озод кардани маҳбусон, бояд аз хоки Афғонистон берун раванд.

Бархе аз шахсиятҳои сиёсии Афғонистон ба марг таҳдид шуданд

Низомиёни Амрико дар ҳошияи ин созиш панҷ пойгоҳашонро аз Афғонистон бардоштанд.