ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба нақл радиои тоҷикии Садоии Хуросон, Рустами Латифизода гуфтааст, ки ҳизбаш муваффақ ба ҷамъоварии 260 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабти ному ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр шудааст.
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар конгресси ҳизбии хеш дар рӯзи 15 август Рустами Латифизода раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузориро барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр пешниҳод кард.
Акнун Эмомали Раҳмон аз ҳизби халқии Демократӣ , Рустами Латифизода аз ҳизби кишоварзӣ , Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳизби Демократ , Абдуҳалим Абдуғаффор аз ҳизби сотсиалист , Рустами Раҳматзода аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунист ба унвони номзадҳои ин аҳзоб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр пешниҳод шудаанд.
Номзадии Меъроҷи Абдуллоев раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи шанбеи панҷуми сентябр дар конгресси ин ҳизб эълом шуд.
Абдуллоев ҳуқуқдони 72 солаи куҳансолтарин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.