Барқ мешавад?: Конибодом тамоми шабакаҳои барқиро ба зимистон омода кард

Барои аз сарборӣ озод намудани истгоҳҳои трансформаторӣ дар ноҳияи Конибодом онҳо бо трансформаторҳои пурқувват иваз карда шуда, хатти нави ҳавоии интиқоли барқи 10 КВ низ бо дарозии 480 м ба истифода дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таъкид доштааст, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон имрӯзҳо аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом ба хотири таъмини боэътимоди корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо неруи барқ дар самти истеҳсолию техникӣ корҳои муайян ба иҷро расонида мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Бино бар иттилои манбаъ, то имрӯз барои бартараф намудани қитъаҳои аз назари ба амал омадани садаманокӣ ва кам намудани талафоти неруи барқ аз ҷониби барқчиёни шаҳр ноқилҳои сербори хатҳои интиқоли барқӣ иваз карда шуда, шохаҳои дарахтоне, ки ҳангоми боду борон боиси  садама мегардиданд, тоза карда шудаанд.

Ҳамзамон дар самти сарфакории неруи барқ аз ҷониби кормандони шабақаҳои барқӣ дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр тамоми таҷҳизоти равшанидиҳанда ба таҷҳизоти муосир ва лампаҳои каммасраф иваз карда шудаанд, ки ин раванд дар ташкилоту муассисаҳо низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки барои фаъолияти пурра дар мавсими зимистон маводи сӯзишворӣ ба тариқи кофӣ захира карда шуда, ҳамаи трансформаторҳои барқӣ низ бо равғанҳои пур карда шуда, дар ҳамаи иншоот корҳои профилактикӣ гузаронида шуда истодаанд.

Истеҳсоли барқ ​​дар НБО “Роғун” қариб се маротиба афзоиш ёфтааст

Гуфта шудааст, ки ҳоло дар низоми энергетикии вилояти Суғд, ки аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ва шаш шабакаи барқии минтақавӣ, ки он аз 18 шабакаи шаҳру ноҳиявӣ иборат аст, дар асоси дастури ширкати “Барқи тоҷик” дар самти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳо тибқи нақшаи корӣ бомаром идома доранд.

Тибқи маълумоти масъулини Шабақаҳои барқии вилояти Суғд то даҳаи аввали моҳи август дар шабакаҳои барқии вилоят таъмири хатҳои кабелии 0,4-6кВ бо дарозии 58,7 км ба маблағи 2,4 мл.сомнӣ, таъмири хатҳои ҳавоии 0,4-20кВ бо дарозии 745 км ба маблағи 3,1млн.сомонӣ, таъмири хатҳои ҳавоии 35-110кВ бо дарозии 164 км ба маблағи 0,2 млн. сомонӣ, таъмири трансфарматорҳои қуввагии 6-10кВ 323 адад ба маблағи 0,7 миллион сомонӣ, таъмири пунктҳои трансформатории 6-20кВ 1439 адад ба маблағи 4,9 миллион сомонӣ, таъмири таҷҳизоти барқии зеристгоҳҳои 35-220кВ ба маблағи 0,7 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд.