Ногуфтаҳои марги Баҳром: намехост рафтан, зангҳои паиҳам ва чӣ хел аз мошин парид?-видео

Анӯшервон Ғафурӣ, писари Баҳром Ғафурӣ, дар бораи шаби пеш аз марги падар, даъвату зангҳои паиҳам, рафтан бо дили нохоҳам ва паридан аз мошин ҳангоми садама ва бардоштани захми маргбор дар ҷӯйбор суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Анӯшервон мегӯяд, он шаб маъракаеро гузаронда, бо дӯстони падараш якҷо нишаста буданд ва вақти хестан ӯро боз ба ҷои дигар даъват карданд.

“Баҳром Ғафурӣ зинда шуд!”: Анӯш Ғафурӣ кист?-видео

“Ман, падар ва амакам Анварҷон хестем, ки падарамро боз ба дигар ҷо таклиф карданд. Дили нохоҳам дошт, намехост рафтан, аммо занг заданду исрор карданд. Падар калидро ба ман доду мо ба хона баргаштем. Субҳ тақрибан соати 5:30 аз хоб хестам, телефонро дидам, ки амакам занг задааст. Аз дар баромадам, ки янга бо як тарс даромаду гуфт, падаратон ба садама дучор шудааст. Ман Худо гуфтам, ки соз бошад, ҳанӯз аз занги телефон дар дилам тарс пайдо шуда буд ва ба амакам занг задам. Амакам аввал нагуфт, бо гиря гуфт, падарат ҳамин ҷо, ҳозир духтурҳо дида истодаанд ва телефонро кушт”, - нақл кард писари Баҳром Ғафурӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и рӯзноманигор Орзу Исо

Ҷароҳати маргбор дар ҷӯйбор вақти паридан аз мошин-видео

Анӯшервон гуфт, дубора ба амакаш занг зада, хостаст, ҳар чизе ҳаст рост гӯяд ва амакаш изҳор доштааст, ки Анӯшҷон падарат гузашт.

Ӯ афзуд, ки рӯйи падараш захмӣ набуд, танҳо аз қисмати пушти сар хун мерафт.

“Пушти сар зарба хӯрда буд. Вақти задан аз мошин мепарад, Сараш дар ҳамин бетонак мезанаду даруни ҷӯйбор – латок ҳамон ҷо меғалтад. Сараш зарбаи сахт ҳамон ҷо мехӯрад”, -  изҳор дошт Анӯшервон.

Хоби Баҳром: дӯсти ҷавонмаргаш ӯро даъват кард

Писари Баҳром Ғафурӣ инчунин нақл кард, ки тақрибан ду ҳафта қабл аз ҳодиса падараш зиқ буд, чун дӯсти ҷавонмаргашро хоб дидаст, ки ӯро ба сарояндагӣ даъват кардааст.

“Ду ҳафта пеш дар мошин якҷо рафта будем, ки зиқ буд. Сабабашро пурсидам,  гуфт Аҳрор ном дӯсташро, ки дар ҷавонӣ фавтид, дар хобаш дид. Дар хоб сӯи падар гуфтааст, “Баҳромҷон ҳофизиро сар мекунем”. Вақте дид, ман зиқ шудам, гуфт ин хоб аст, мегузарад. Писари он дӯсташ бемор буд ва ҳамон субҳ ӯ ҳам даргузашт”, - нақл кард Анӯшервон.

Нақшаҳои Ғафурӣ. Анӯшервон кори падарро идома медиҳад

Саъдӣ, дӯсти Баҳром Ғафурӣ гуфт, марҳум дар бахши эҷодӣ нақшаҳо дошт, мехост сурудҳо сабт кунаду ба корҳои эҷодии писараш низ машғул буд, чун Анӯшервон низ  мактаби мусиқиро хонда, хатм кард.

Ӯ гуфт, “Хона холӣ”, охирин таронаи хомашро хонда буд, ки то охир нарасонд ва писараш онро бозхонӣ карду намоҳанг сохт. Тарона дар иҷрои Баҳром Ғафурӣ низ мебарояд. Дар намоҳанги таҳияшуда, Анӯшервон гитараи чангзадаи падарашро мегирад, тоза мекунад, ба маъное, ки кори падарро давом медиҳад.