Рӯзи 4 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи Урупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.
Соли 1888 Ҷорҷ Истмен барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии "Kodak" патент ба даст овард.
Соли 1998 ширкати "Google" таъсис дода шуд.
Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Баҳористон» ба фаъолият шурӯъ кард.
Рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло "Сементи тоҷик" ном дорад, ки дар замони Шӯравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.
Соли 2011 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.
Соли 2012 Президент аз чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон дидан карданд.
Соли 2017 қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи "Жэнмин жибао" ҷавоб доданд.
Соли 2017 Бонки миллии Ӯзбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми ӯзбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр
- Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.
- Рӯзи байналмилалии таэквондо.
- Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.
- Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.