ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод шурӯъ аз моҳи июл ба тафтиши фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ пардохта, 9 ширкатро ҷарима баст.
"Ҳаҷми ҷаримаҳо дар умум 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сабаби аслии ҷарима шудани онҳо ворид намудани хароҷоти беасос ба нархи фурӯши мол аст, ки мӯҷиби ба таври сунъӣ боло рафтани нархи газ дар бозорҳои кишвар шудааст”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз овардани номҳои ин ширкатҳо ба хотири ҳифзи обрӯву эътибори тиҷоратии онҳо худдорӣ карда, афзуд, ҳоло фақат 9 ширкат аз тафтиш гузаштаанд ва бақия 6 ширкати дигар низ мавриди тафтиш қарор дода хоҳанд шуд.
"Ин тафтишҳо нишон доданд, ки ширкатҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба нархи маҳсулоти худ меафзоянд. Ҳол он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ширкатҳо ҳақ доранд як фоизи муайян бар арзиши аслии маҳсулот илова кунанд, на беш аз он", - гуфт ин манбаъ.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 15 ширкати воридкунандаи гази моеъ - "Аллат" (18,24), “Темур ойл” (11,08%), “Ғайрат” (10,61%), “Октан – сервис” (10,04%), “Газпромнефт Тоҷикистон” (8,09%), “Эмом импорт эспорт” (8,08%), “Мабдаи нур” (4,70%), “Каёнуш – таъминот” (5,36%), “Гули сурх континент” (4,33%), “Нури Дилшод” (4,05%), “Баҳор” (3,71%), “Газойл” (3,40%), “Соро компания” (2,86%), “Кӯлобнафтрасон” (2,82%) ва “Газнафт” (2,64%) – фаъолият мекунанд.
Бино ба ин манбаъ, ин ширкатҳо дар нимсолаи аввали соли равон 264 ҳазору 207,66 тон гази моеъ ба маблағи 102, 1 миллион доллар ворид кардаанд.