Мошинҳоеро, ки Интерпол мекофт, ба Тоҷикистон интиқол доданӣ буданд

Се худравро дар намуди қисмҳои эҳтиётӣ аз Литва ба Белорус ва сипас ба Тоҷикистон интиқол доданӣ буданд. Аммо мақомоти гумрукии марзӣ аз ин амал пешгирӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Мақомоти гумруки Белорус якҷо бо кормандони мақомоти корҳои дохилии Литва як пойгоҳи ғайриқонунии интиқоли автомобил ба Тоҷикистонро ошкор карданд. Дар ин бора Sputnik Литва гузориш медиҳад.

Боздошти 15 мошини дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон
Ҳамин тавр, бино бар иттилои Кумитаи давлатии гумруки Белорус, се худрави гуногунро кӯшиш карданд, ки аз Литва дар намуди қисмҳои эҳтиётӣ интиқол диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ду худрави сабукрав Lexus XR 450H, соли бароришаш 2017 ва Range Rover соли бароришаш 2018 дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд. 

Кузувҳои мошинро тариқи гузаргоҳи "Шалчининкай" дар боркашони DAF, ки ба ширкати тоҷикӣ тааллуқ дошт, интиқол доданӣ будаанд.

Моли мазкурро, ки гумрукчиёни Белорус дастгир карданд, ба ташхиси судӣ ирсол карданд.

 

Дар натиҷа муайян шудааст, ки қисмҳо ранг карда шуда, маълумоти дар онҳо навишташуда тағйир дода шудаанд.

Воридоти мошин ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ҳамчунин, маҳз тавассути VIN-рамзҳои аввалаи кузовҳо муайян гардидааст, ки худравҳо дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд, қисмҳои дигари автомобилҳои мазкур аллакай моҳи июл дар дигар гузаргоҳи марзии Белорус ва Литва ошкор ва мусодира гардиданд.