Як ширкати қазоқӣ ва як ӯзбекӣ содироти газ ба Тоҷикистонро қатъ карданд

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли гази моеъ аз аз сӯи бархе ширкатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ширкатҳои Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Абдулмаҷид Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз ба рӯзноманигорон гуфт, як ширкати Ӯзбекистон ва як ширкати Қазоқистон аз 1 сентябр содироти гази моеъ ба ширкатҳои Тоҷикистонро қатъ карданд.

Тафтишу ҷарима: Агентии зиддиинҳисорӣ адаби ширкатҳоро дод

“Ширкатҳои кишвари ҳамсоя ба ин далел, ки корхонаҳои истеҳсоли гази моеъашонро таъмир мекунанд, зимни нома ба ҳамкорони тоҷикиашон чунин хабар додаанд. Ширкати ӯзбекӣ то охири сол ва ширкатҳои қазоқӣ фақат моҳи сентябр содироти худро қатъ мекунанд. Ширкатҳои мо ҳоло бо дигар ширкатҳои ин кишварҳо ва ҳам Русия вориди музокирот шудаанд. Ин вазъ ба нархи гази моеъ дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт”, - гуфт Абдулмаҷид Муъминзод.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, айни замон ба воридоти гази моеъ дар ҷумҳурӣ 15 ширкати дохиливу хориҷӣ машғул мебошад.

Тибқи маълумоти гумрукӣ, дар 7 моҳи соли 2020 аз ҷониби 15 субекти воридкунанда ба ҷумҳурӣ - 264 206,66 тонна гази моеъ ба маблағи 102 111,28 доллар ва бо нархи миёнаи 435,0 доллар ворид карда шудааст.

Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ дар ин давра асосан аз Қазоқистон 243 930,85 тонна (92,33%), Ӯзбекистон 19 776,7 тонна (7,48%) ва Русия 499,1 тонна (0,19%) - ро ташкил додааст.