ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Ҳоҷиев Азизбек, сокини 26-солаи ноҳияи Деваштич, сари чанбари “Опел” ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Истаравшан қоидаҳои ҳаракат дар чорроҳаро сарфи назар карда, ба “Опел астра”, ки таҳти идораи Ботиров Ҷаҳонбек дар роҳи асосии Душанбе – Хуҷанд ҳаракат доштааст, бархӯрд.
Дар натиҷа мусофирони “Опел астра” - Мирғиёсова Шоира, зодаи соли 1975, Абдуллоева Тутинисо, зодаи 1941 ва Холиқбердиева Мавлуда, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид.
Ба иттилои ВУД, садамаи маргбори дигар дар пайи қоидавайронкунии ронандаи “Опел астра”, Холов Абдусалом, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст. Манбаъ таъкид кард, ки ронандаи “Опел” ҳангоми ҳаракат дар роҳи Хуҷанд-Конибодом дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом бо суръати аз меъёр баланд ба “Тойота Лендкрузер”, таҳти идораи Одинаев Мирҷон бархӯрдаст.
Дар натиҷа Абраева Бибисоро, зодаи соли 1965, сокини ноҳияи Шаҳритус ба ҳалокат расида, худи ронанда Холов Абдусалом ва мусофирон Иброҳимова Қизларгул, Ахмедова Бозорой дар беморхона бистарӣ шудаанд.