ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки печида шудани вазъ водор месозад, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо диққати аввалиндараҷа диҳем.
“Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвият бахшидан ба қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъминоти онҳо бо силоҳ, муҳиммоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст”, - гуфт раисиҷумҳур.
Раҳмон гуфт, ба мардонагии низомиён боварии комил дорад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки сокинони сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи он таҳти таъсири гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, радикализми динӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои дигар торафт ноором шуда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсари баландрутба вазифадор аст, ки барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру омода бошад.
“Ман ба нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёр, аз ҷумла ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди комил дорам ва бо итминон изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи рисолати пурифтихори худ ва қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароянд”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.