Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷир: кор барои тоҷикистониён дар Русия осон мешавад?

Феълан масъалаи ифтитоҳи намояндагии Ташкилоти ба кор таъминкунии муҳоҷирон дар Душанбе баррасӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар Душанбе эҳтимол намояндагии Ташкилоти байналмилалии ёри ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шавад.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Бино ба иттилои манбаъ, феълан масъалаи ифтитоҳи филиали ташкилот баррасӣ мешавад.

Ташкилоти кӯмаки ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, созмони ғайритиҷоратист. Ба ҳайъати он оҷонсиҳои кадрӣ ва оҷонсии хусусии шуғли аҳолӣ ворид мешаванд, ки бевосита бо корфармоён дар Русия иртибот доранд.

Ширкатҳои мазкур ба тамоми раванди барасмиятдарорӣ ва кортаъминкунии муҳоҷирон дар Русия масъул мебошанд.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Дар сафорат таъкид карданд, ки раванди ташкили кортаъминкунии муҳоҷирон дар Русия дар чанд давра сурат мегирад. 

Чунончи, пеш аз ҳама корфармои рус дархост ироа мекунад, пас аз он ширкат довталабонро интихоб ва ба сафар омода месозад, аз ҷумла аз ташхиси тиббӣ ва мақомотҳои амниятӣ мегузарад.

Сипас ташкилот муҳоҷиронро ба Русия интиқол медиҳад, онҳоро бо ҷои хоб таъмин мекунад ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ба тартиб медарорад. Корҷӯғ пас аз имзои созишнома ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ҳолати пайдо шудани баҳс ва савол байни ҳарду ҷониб ташкилот ҳуқуқҳои коргар, яъне муҳоҷирро муҳофизат мекунад ва ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат мекунад.