Таҳсилоти бритониёӣ дар Хуҷанд: мактаби “Аркон” ба муҳассилин сертификати Кембриҷ медиҳад

Дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сангинбой Полвонови хиёбони Раҳим Ҷалили маҳаллаи Сирдарёи шаҳр мактаби хусусии “Аркон” ифтитоҳ ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, мактаби хусусии “Аркон” бо саҳми соҳибкори ватанӣ, муассиси он Умеда Гадойбоева бунёд шуда, алҳол танҳо хонандагони синфҳои 1 ва 2-ро барои таҳсил қабул менамояд.

Вазорати маориф гуфт, таҳсил имсол чигуна доир мешавад: аз ниқоб то 1 метр фосила

Гуфта шудааст, ки дар мактаби навтаъсис хонандагон фанҳоро дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон бо забони англисӣ меомӯзанд.

“Таҳсил шартномавӣ буда, арзиши моҳонаи он 980 сомониро ташкил медиҳад. Баъди хатми соли таҳсил ба хонандагони сертификати эътирофшудаи сатҳи байналмилаии мактаби Кембриҷи Британияи Кабир, ки аз аз ҷумлаи муассисаи таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам мебошад, дода мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.  

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки омӯзгорон дар як ҳафта се маротиба тариқи онлайн аз машғулиятҳои устодони макотиби пешрафтаи ҷаҳонӣ бархӯрдор мешавад. Маоши омӯзгорон дар ин мактаб аз ду то чаҳор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки ба омӯзгорон дар ҷараёни таълиму тарбия ассистентҳои соҳибкасби риштаҳои педагогика ва психология кумаку роҳнамоӣ мекунанд.

Манбаъ ҳамзамон зикр кардааст, ки мактаби хусусии “Аркон” дар заминаи Маркази забонҳои “Аркон” ки 8 сол инҷониб фаъол аст, таъсис ёфтааст. Дар тӯли солҳои фаъолияти марказ, аллакай зиёда аз 10 ҳазор нафар донишҷӯён забони хориҷиро аз худ кардаанд.