Доллар ва рубл гарон шуд: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 2 сентябр эълон кард. Бар пояи нишондоди бонк арзиши рубл ва доллар нисбат ба охири ҳафтаи гузашта каме бало рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 02 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1398 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3198 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.3765 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” ва "Спитаменбонк" нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.