ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин маркази табобатӣ аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмуъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад.
“Бояд таъкид дошт, ки то имрӯз барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағи гарон ва ҳам вақти зиёд сарф мегардид. Ҳамакнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд”,-омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Манбаъ афзуд, ки рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид карда мешавад, ки дар мамлакат беназиранд.
“Дар заминаи ба фаъолият шуруъ намудани боз як муассисаи нави тиббӣ дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла 26 табиби ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд”, - хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Қаблан ширкати “Самти Рушд” дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази ташхисию табобатӣ таъсис дода буд. Маркази мазкур аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат буда, дар он аз ҷониби 34 нафар мутахассиси соҳа ба мардум хизмат расонида мешавад.