Маош аз имрӯз зиёд шуд: Раҳмон масъалаи пардохти саривақтиро ба миён гузошт

Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1 сентябр маоши кормандони давлатӣ, нафақа ва стипендияҳои донишҷӯён зиёд карда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маош саривақт пардохт карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як рӯз қабл аз афзоиши маошу нафақа дар ҷумҳурӣ, зимни маҷлис ба Ҳукумат супориш дод, ки пардохти саривақтии онро таъмин созанд.

Муқобили ҳаракат пеши чашми пулис: баҳси қонуншикании “ҷавонони тиллоӣ” дар Хуҷанд-3 видео

Таъкиди раисиҷумҳур дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз саривақт пардохт нашудани маош шикоят карданд.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 сентябри соли 2020 маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, идоракунии давлатӣ 15% ва маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа - 10% зиёд карда мешавад.

“Инчунин андозаи стипендияи донишҷӯён барои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД -15% зиёд карда мешавад”, - хотиррасон кард Ховар.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тибқи фармони Президент, аз 1 сентябр ҳадди ақали нафақа низ 15% зиёд карда шуд ва мутаносибан 207 ва 978 сомониро ташкил хоҳад кард. Андозаи нафақаи маъюбии иҷтимоӣ 50% аз ҳадди ақалли нафақа зиёд карда мешавад.