ҲСДТ интихоботи президентии Тоҷикистонро бойкот кард ва аз ширкат дар он даст кашид

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон интихоботи навбатии президентиро, ки дар назар аст 11 октябри с баргузор гардад, ғайриқонунӣ ходаву таҳрим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Раҳматилло Зойиров, қарори ҳизби зертобеяшро дар Фейсбукияш нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, интихоботи дар пеш истода бидуни риояи қавонини интихоботии Конститутсияи Тоҷикистон сурат мегирад ва иштирок дар он ғайриимкон мебошад.

Раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад

“Таъини интихоботи президенти дар санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зиддӣ модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда аст”,-омадааст дар қарори нашркадаи Зойиров.

Зойиров гуфтааст, ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба президенти ҶТ, қи 250 ҳазор муқаррар карда шудааст, ғайриимкон аст, зеро 50 % шаҳрвандони ҶТ дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд.

Ҳамзамон дар қарор гуфта мешавад, қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), ки таъсиси он бар асоси принсипи “бепартиявӣ” сурат гирифтааст, аслан аз аъзоени ҳизби ҳоким ташкил шудааст. Аз ҷумлаи 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботи 25 ҳазорашон аъзоени Ҳизби ҳалқи-демократи мебошанд.

“Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиесӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисерҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якҳизби мубадал гардондааст”,-омадааст дар қарор.

Ҳакимов: иштироки ҲСДТ дар интихобот дар чунин шароит ғайриимкон аст

Ҳаммаи комиссияҳои интихоботи ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти Тоҷикистон (ҳизбҳои сиесӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор боҷавонон соҳторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст, омадааст дар қарор.

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад

Қаблан низ Раҳматилло Зойиров эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намекунад ва изҳори умедворӣ кард, ки шӯрои сиёсии ҳизб низ ба интихобот бойкот эълон мекунад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин маърака то кунун 4 нафар дақиқ шуданд ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ номзад пешбарӣ шуд, аммо ҲХДТ ӯро то ҳол расман пешниҳод накардааст.